
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ЧЕХИЯ БА МОИ “СУҒД”
Санаи 19-уми майи соли 2026, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Чехия таҳти роҳбарии Директори департаменти канданиҳои фоиданоки Вазорати саноат ва савдои Чехия, Ҷаноби Васлав Земек ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал доданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” доир гардид. Дар рафти боздид ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Чехия бо роҳбарияти субъектҳои МОИ “Суғд” саволу ҷавоб намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда, баҳои баланд доданд.






