
Ташкили шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”
Таҳти роҳбарии Маъмурияти МОИ “Суғд”, санаи 1 – уми марти соли 2025 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди МОИ “Суғд”, ҳифзи муҳити зист, ба ин тариқ таъмини саломатии шаҳрвандон шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд”, инчунин роҳбарону намояндагони субъектони МОИ ”Суғд” фаъолона иштирок намуда, баҳри ободонӣ, кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атроф саҳми назарраси худро гузоштанд.
Дар рафти шанбегӣ аз тарафи кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” 80 бех, аз ҷониби ҶДММ “Афранг Пластик” 120 бех ва аз ҷониби ҶДММ “Хуҷандсоз” 70 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ҷӯйборҳои ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ аз партовҳо, алафҳои бегонаи хушкшуда тоза карда шуд.







