Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар соли 2020

Санаи 17 феврали соли ҷорӣ дар бинои Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти минтақа дар соли сипаришуда баргузор гардид, ки дар он роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёссиддин ба намояндагони ВАО-и маҳаллӣ оид ба дастовардҳои МОИ, бо назардошти номусоидиҳои соли гузашта маълумот дод.
Дар соли 2020, новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд. Масалан, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли 2019 маблағи 167,5 млн сомониро ташкил дода, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 169,8 млн сомонӣ баробар гардид, ки то як андоза зиёд аст. Дар ин давра ҳаҷми содирот ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ низ дар қатори истеҳсолот афзуданд.
Ба гуфтаи роҳбари Маъмурият, соли ҷорӣ ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, корбарӣ дар ин самт боз ҳам мустаҳкамтар карда мешавад. Чи тавре, ки таъкид гардид, айни замон Маъмурият бо якчанд довталабони МОИ гуфтушуниди пешакӣ доир ба таъсиси корхонаҳо дорад, ки сирояти COVID-19-и соли гузашта ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод намуд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар субъектҳои навтаъсис ва ободонии ҳудуди МОИ идома дорад. Ифтитоҳи расмии якчанд иқтидорҳои истеҳсолӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар пешбинӣ шудааст, ки оғози фаъолияти онҳо ба тавсеаи нишондиҳандаҳои умумии фаъолияти МОИ, бо назардошти ташкили ҷойҳои навӣ корӣ, такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба яке аз субъектҳои фаъоли МОИ “Суғд” – ҶСК “Ариана Метал Пласт” ташриф оварда, аз фаъолият ва молу маҳсулоти он аз наздик шинос шуданд.

loading