15 декабри соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи вакилони Институти химия-технологии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ректор Шернаев А.Н. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, дар толори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ мулоқоти судманд гузаронида шуд, ки дар он тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Маълумоти бештар
Маъмурияти МОИ “Суғд” Шаҳодатнома барои фаъолият ба субъекти навбатии худ, ба ҶДММ “Сайри Суғд” тақдим намуд.
Роҳбари ҷамъияти мазкур Умаров Мирзоҷон Якубович мебошад. Ҳудуди корхона 5 гектарро ташкил намуда, дар оянда асосан истеҳсоли маҳсулотҳо аз металлу пластмасса ба монанди дучархаҳои хурд ва калон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо иқтидори 50 ҳазор адад дар як сол ташкил медиҳад.
Корхонаи мазкур дар оянда нақша дорад, ки маҳсулоти худро ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Россия ва Қирғизистон содирот намояд.
Маълумоти бештар
30 Ноябри соли ҷорӣ ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини директори генералӣ оид ба ҷалби сармоягузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ҷаноби Евгений Тарасевич бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” шинос намуданд.
Ҳангоми боздид меҳмонон бо масъулини корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуда, хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.
Маълумоти бештар
09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Элза Пинёл ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуда, иброз гардид, ки ҳамкориҳоро бо доираҳои тиҷоратии Фаронса вусъат дода мешавад.
Дар навбати худ Сафир, Элза Пинёл иброз намуд, ки барои густаришӣ ҳамкории дуҷониба кӯшиш намуда, дар ин самт бо доираи соҳибкории фаронса корбарӣ менамояд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкатҳо аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” дидан намуданд.
Маълумоти бештар
Санаи 09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Туреханов В.А. якҷо бо намояндагони сафорати мазкур ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода С. меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” ҶДММ “Арча мебел” ва ҶДММ “Силкоат Бойя” дидан намуданд.
Маълумоти бештар
Санаи 7 ноябри соли 2023 роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Камолиддтнзода Илёсиддин бо роҳбари ҶДММ “Ширкати машваратии мушовирон” Бурҳонов Меҳрубон Саидакобирович, Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонидаанд.
Мақсади асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми фаъолияти муштарак ва вусъат додани ҳамкории дуҷониба барои дар якҷоягӣ рақамикунонии соҳаҳо, рушди инноватсия, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, машваратдиҳӣ дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат, махсусан машварат барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» барои рушди фаъолияти дуҷониба дар доираи ҳуҷҷати мазкур чораҳо андешида барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ татбирҳои зарури ба нақша гирифта истодаанд.
Маълумоти бештар
2 ноябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи VI Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чини назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Форуми соҳибкорӣ ва иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар форуми мазкур муовини Сарвазири кишвар Усмонзода Усмоналӣ Юнус алӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Синжуй иштирок намуданд.
Дар доираи Форум бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо вобаста ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои муосир, инчунин иқтисоди сабз, содагардонии расмиёти савдо ва тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфросохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкори байни соҳибкорони ҳарду тараф муколама сурат гирифт.
Дар натиҷаи иштирок дар Форуми мазкур Ёддошти тафоввум бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба байни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Кумитаи идоракунии минтақаҳои рушди иқтисодии Қашгар ба имзо расонида шуд.
Маълумоти бештар
9 октябри соли 2023 дар Маъмурияти МОИ «Суғд» маросими супоридани Шаҳодатнома ба корхонаи нав, ки мақоми субъекти МОИ «Суғд»-ро тасдиқ мекунад, баргузор гардид. Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Ҳакимов Н.А. ба директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «БИ АРК» дар фаъолияташ муваффақиятҳо ва натиҷаҳои назаррасро орзу намуд.
Тибқи Лоиҳа истеҳсоли гаҷетҳои ороишии баландтехнологӣ барои нигоҳубин дар хона ба роҳ монда мешавад. Ҳаҷми сармоягузории ин корхона 90 миллион рублро ташкил медиҳад, ки 30% аз ҳисоби сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ ва 70% маблағҳои худи сармоягузори тоҷик амалӣ шудааст.
Маълумоти бештар
29-30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе – 2023» баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» муҳтарам Камолиддинзода И. Ҷ, ва субъектҳои минтақа иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар рафти ин Форум бо шарикони белорусии мо, байни Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Маъмурияти МОИ “Минск” баҳри ҳамкории судманд ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ҳамзамон боз як корхонаи нав соҳиби шаҳодатномаи тасдиқкунандаи мақоми субъекти МОИ “Суғд” гардид, ки онро ботантана супориданд. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Камолидинзода И.Ҷ. ба директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хишти Сомон» муваффақиятҳои беназир ва дар фаъолияташ натиҷаҳои назаррас таманно намуд.
Дар доираи лоиҳа истеҳсоли блокҳои газобетонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми сармоягузории ин корхона 6,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби сармояи худи сармоягузори тоҷик амалӣ мегардад.
Маълумоти бештар