Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки имрузҳо бо ташаббуси бевоситаи сарони ду давлат муносибатҳои иқтисодӣ торафт тараққӣ ёфта истодааст ва Маъмурияти МОИ “Суғд” низ дари худро барои сармоягузорони ҳамзабону ҳамфарҳанг боз намудааст. Меҳмонон аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва макони ҷойгиршавии минтақа аз наздик шинос шуда хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.
Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Тюмен мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба таъкиди ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғду Тюмен соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода изҳор дошт, ки вохӯрии имруза заминаи мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ду минтақа мегардад. “Мо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти равобити тиҷоратиро дорем. Вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ ва кишоварзист, ки метавонад ба вилояти Тюмен ҳамкории судманд дошта бошад”,- таъкид кард Раҷаб Аҳмадзода.
Губернатори вилояти Тюмен Александр Моор зимни баромади худ афзуд: “Вилояти Суғд намунаи равшани рушди босуръати саноату кишоврзист . Мо итминон дорем, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегие, ки аз ҷониби сарони давлатҳоямон муайян шуданд, минтақаҳои мо метавонанд дар таҳкими равобити миёни Тоҷикистону Россия саҳми босазо гузоранд”.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен ҳайати вилояти Суғд аз маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳи боздид анҷом доданд.
Санаи 27 майи соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд форуми иқтисодию тиҷоратӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-Белорус” бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус доир гардид.
Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Алексей Кушнаренко, роҳбарони ташкилоту идораҳо аз ҷумла Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва соҳибкорони ду ҷониб иштирок намуданд.