
Шанбегии навбатӣ дар МОИ “Суғд”



1
1
Санаи 14 майи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» Директори Донишкадаи экология ва географияи шаҳри Синҷанги Ҷумҳурии Халқии Чин Хонума Ван Лисян бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва робитаҳои иқтисодии МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо доир ба корхонаҳои муштараки тоҷикию хитоӣ ва ё хусусии хитоӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” фаъолияткунанда ва ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи хитоӣ гуфтушунид намуда, баҳри дар оянда боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ибрози ақида намуданд. Дар охир меҳмонон аз фаъолияти яке субъекҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс” дидан намуда, бо масъулини корхонаи мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.
Ҳафтаи ҷорӣ ташрифи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Халқии Чин, Shiqiang Song, Shiyong Song ва Ren Baozhen ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи бинои Маъмурият пешвоз гирифта, дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби Роҳбарият доир ба субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шудаанд, маълумоти мушаххас дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳои худ гуфтушунид намуданд ва дар оянда иқдоми субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуданд.
Санаи 9-уми майи соли 2025 бахшида ба таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ, бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия, Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” таҳти роҳбарии Роҳбари МД МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок дошта бо гулчамбаргузорӣ ва эҳтиром ба хотираи шаҳидони ҷанг ёдбуд ба ҷо оварданд.
Санаи 5 майи соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, Иқтисодчии калон оид ба кишоварзӣ Хазем Ханбал баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаи дар мавзеи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рушди уствории соҳаи кишоварзӣ”, барои сохта ба истифода додани “Марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтани сардхона, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 2 гектар замин ҷудо намудааст ва аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, мавриди баррасии дуҷониба қарор дода шуд.
Ба Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” чунин ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст:
Роҳбари дастгоҳ
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 5 сол
Сармутахассиси шӯъбаи инфрасохтор
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 3 сол
Мутахассиси пешбари шӯъбаи инфрасохтор
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 2 сол
Мутахассиси шӯъбаи назорат ва таҳлили иқтисодӣ
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 1 сол
Корманди техникӣ ( ронанда)
Миқдори ҷойҳои кории холӣ: 2
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, собиқаи кории на кам аз 3 сол
Корманди техникӣ ( фаррош)
Миқдори ҷойҳои кории холӣ: 2
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 7/5/8
Талаботи иловагӣ: Дорои маълумоти олии ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ
Корманди техникӣ ( посбон)
Миқдори ҷойҳои кории холӣ: 1
Системаи пардохти музди меҳнат: Дар асоси басти вазифагӣ
Реҷаи корӣ: 24/3
Санаи 29 апрели соли 2025 намояндаи ширкати “Niko”- и шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Чин, ки истеҳсоли панелҳои офтобиро ба роҳ мондааст, бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва имкониятҳо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф овард.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро истиқбол намуда, доир ба афзалият ва бартариҳои МОИ “Суғд” ҳамчунин субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шуданд, маълумоти мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳои худ гуфтушунид намуданд ва ҷаноби Пинг Хуей дар бораи лоиҳаи худ, ки ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ равона гаштааст, маълумоти мушаххас дода, оиди дар оянда иқдоми субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуд.
Комиссияи арбитражии савдо ва иқтисодии байналмилалии Чин (CIETAC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Синзян оид ба мусоидат ба савдои байналмилалии Чин ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми арбитражии СҲШ ва Чинро таҳти унвони «Ҳамгироии кӯшишҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи арбитраж ва оғози роҳи нав дар шароити волоияти қонун» ташкил намуданд.
Дар ин Форум намояндаи вилояти Суғд — мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Носиров М.Р. ширкат варзид.
Дар рафти Форум масъалаҳои тақвияти мубодила ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои ҳаллу фасли баҳсҳо — аъзои СҲШ ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин тартиботи дастгирии судии арбитраж ва мусоидат ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражӣ дар минтақаҳои дахлдор муҳокима шуд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббус ва мусоидат дар ташкил ва иштирок дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ самимона изҳори сипос менамояд. Мо умедворем, ки ҳамкории зичро идома дода, маълумоти бадастомадаро барои паҳн намудани хизматрасониҳо дар соҳаи ҳалли баҳсҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ истифода мебарем.
Бояд қайд кард, ки ҳафтаи ҷорӣ ташрифи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Халқии Чин, сармоягузорони мустақил Ҷаноби Жен Сугян ва Хонума Ли, ҳамчунин намояндаи Палатаи Савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин Ҷумъаев М. ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро пешвоз гирифтанд. Сипас ба меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (презентатсия) дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.