


САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД ” МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН БА ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Санаҳои 10 то 15 ноябри соли 2025 ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз вазорату идораҳо, ҳамзамон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар доштанд. Мақсад аз сафари мазкур таҷрибаи пешрафтаи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва роҳи ҳалли рақамикунониро омухтан буд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ , дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуда, дар вохуриҳо ва гуфтушунидҳо доир ба афзалият, имтиёзҳо ва фазои хуби сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” – ро қайд намуд.
Ҳамчунин дар идомаи сафар, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Алат”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф намуд. Ҳадаф аз боздид ба минтақаи мазкур ин шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таҷрибаи пешқадами инноватсионӣ мебошад. Зимни боздид ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби бештари сармоя табодули назар намуданд. Дар ҷараёни мулоқот бо мақсади густариши ҳамкориҳои минбаъда ва тавсеаи заминаҳои сармоягузорӣ байни Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Алат”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонида шуд.

Иштироки намояндаи Маъмурияти МОИ «Суғд» дар Форуми байналмилалии инвеститсионии «Khatlon Invest 2025» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Санаи 11-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии инвеститсионии «Khatlon Invest 2025» баргузор гардид.
Форуми мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид оғоз ёфт. Сипас, дар он намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон ва сафоратҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акаредитатсия гардида аз ҷумла:
⦁ Шералӣ Кабир – Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
⦁ Султон Раҳимзода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
⦁ Холгер Вифел – Ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон;
⦁ Федотов Сергей Валерьевич – Муовини раиси ҳукумати вилояти Пензаи Федератсияи Россия;
⦁ Бакитнур Бакитули – Муовини ҳокими вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон;
⦁ Зокиров Алишер Исомиддинович – Муовини ҳокими вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорони ватанию хориҷӣ идома доданд.
Ҳадафи асосии ин форум муаррифӣ кардани имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, дарёфти шарикони рушд ва ба имзо расонидани лоиҳаҳо, созишномаҳои муштарак ва инчунин эҳёи ҷойҳои кори доимӣ дар вилоят мебошад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва тиҷорат аз Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Беларус, Эрон, Озарбойҷон, Покистон, Чин ва Туркия, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷамъ омадаанд.
Инчунин дар форум намояндаи Маъмурияти МОИ «Суғд» Ғафуров С. низ иштирок намуда, бо доираҳои тиҷорати хориҷуву маҳаллӣ барои тақвият намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ гуфтушунидҳо гузаронид.
Дар доираи форум намоишгоҳи маҳсулот истеҳсолкунандагони маҳаллӣ низ ташкил карда шуд, ки ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки дар бораи имкониятҳои сармоягузории минтақа маълумоти бештар пайдо намоянд.

31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони азиз!
Ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо ин руйдоди бузурги миллӣ табрик менамоем.
Конститутсия — танҳо санади ҳуқуқӣ нест, ин «Бахтномаи миллат» аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Бахусус дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсияи худ ин як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд.
Дар ин рӯзи муҳиму идона, ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони азиз, саломатии устувор, бахту саодати бепоён, зиндагии осуда, иқболи нек таманно дорем!
Ба Ватани азизамон —Тоҷикистон — суботи ҷовидон ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоем.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром,
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон

Сафари кории Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. ба Маъмурияти МОИ «Суғд»
Санаи 25-уми октябри соли 2025 ба Маъмурияти МОИ “Суғд” муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ташриф оварданд. Мақсади сафари корӣ шиносоӣ аз рафти фаъолияти Маъмурияти МОИ «Суғд», огоҳӣ аз раванди корҳои сохтмонии субъектҳои МОИ “Суғд” буд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, ба муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. оиди рафти корҳои сохтмонӣ ва вазъи объектҳои ҷашнӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Дар доираи сафари корӣ муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба корхонаи ҶДММ «Донаи Алмос» ташриф оварда аз тадбирҳои омодагӣ барои истиқболи меҳмонони олиқадр дидан намуданд. Баъдан, вазъияти сохтмони ҶДММ «Сайр Суғд»-ро аз наздик дидан намуданд, сипас аз раванди корҳои ҷорӣ ва омодагӣ ба ташрифи меҳмонони олиқадр бинои нави Маъмурияти МОИ «Суғд»-ро аз назар гузаронида, аз корҳои ташкилотӣ шинос гардиданд.

Ташрифи намояндагони ширкати “Салар санг”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 24-уми октябри соли 2025 намояндагони ширкати “Салар санг”-и Эрон бо сарварии оғои Деҳқон Муҳаммад ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон қайд намуданд, ки ширкати “Салар санг” дар Эрон истеҳсоли сангҳои сунъӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондааст ва нақша дорад, ки ин самти фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бо технологияҳои нави замонавӣ ташкил диҳад.
Пас аз мулоқоти судманд меҳмонон қайд намуданд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкориро идома диҳанд.

Иштироки роҳбари МД Маъмурияти МОИ “Суғд” дар Форуми байналмилалии “Dushanbe Invest 2025”

Ташрифи Директори тиҷоратӣ, намояндаи Палатаи байналмиллалии савдои музофоти Ляонин дар Шарқи Дури Россия, ҷаноби Чжао Юйтсин ва Чжан Дунхуэй ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 13-уми октябри соли 2025 ташрифи Директори тиҷоратӣ, намояндаи Палатаи байналмиллалии савдои музофоти Ляонин дар Шарқи Дури Россия, ҷаноби Чжао Юйтсин ва Чжан Дунхуэй ба Маъмурияти МОИ “Суғд”доир гардид.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Пас аз мулоқоти судманд меҳмонон қайд намуданд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкорӣ менамоянд.

ТАШРИФИ ШИРКАТИ “YANGZHOU BRIGHT SOLAR SOLUTIONS”-И ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”































































