31 январи соли 2024 дар МОИ «Суғд» бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ «Суғд» вобаста ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарияти МОИ «Суғд» вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди иқтисод ва ноил шудан ба комёбиҳо дар МОИ «Суғд»-ро қайд кард.
Ҳамзамон ҳамаи ҳозиринро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин намудани Муҳаммадзода М.С. шинос намуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод намудани Камолиддинзода И.Ҷ., низ бинобар ба кори дигар гузаштан қироат карда шуд.
Камолиддинзода И.Ҷ. ба ҳамаи ҳозирин изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ба шарофати дастгирии субъектҳо ва талошҳои кормандони Маъмурият мо дар рушди МОИ «Суғд» ба комёбиҳои хуб ноил гардидем.
Раиси навтаъини МОИ «Суғд» Муҳаммадзода М.С. низ суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо фидокории комил барои гузоштани саҳми худ дар рушди МОИ «Суғд» баён намуд.
Нимаи дуюми санаи 8 феврали соли 2024 ба МОИ «Суғд» таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолияту имтиёзҳо, инчунин маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи субъектони МОИ “Суғд” маълумот доданд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
18 январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» таҳди роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ , ҳайати намояндагони Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолию тиҷоратӣ ташриф оварданд.
Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор субъектҳоии МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” , ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КФ “Фартуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
18 январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Намояндагони маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Пас аз мулоқоти судманд соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой қайд намуданд, ки дар оянда хоҳиши субъекти МОИ “Суғд” шуданро доранд.
Сипас, меҳмонон аз корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
12 январи соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» ҳайати соҳибкорони Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Камолиддинзода И.Ҷ. дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фартуна Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
15 декабри соли ҷорӣ ба МОИ «Суғд» доираи вакилони Институти химия-технологии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини ректор Шернаев А.Н. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, дар толори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ мулоқоти судманд гузаронида шуд, ки дар он тариқи рӯнамо ба меҳмонон оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумот пешкаш карда шуд.
Сипас, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя” дидан намуда, бо масъулини корхонаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Маъмурияти МОИ “Суғд” Шаҳодатнома барои фаъолият ба субъекти навбатии худ, ба ҶДММ “Сайри Суғд” тақдим намуд.
Роҳбари ҷамъияти мазкур Умаров Мирзоҷон Якубович мебошад. Ҳудуди корхона 5 гектарро ташкил намуда, дар оянда асосан истеҳсоли маҳсулотҳо аз металлу пластмасса ба монанди дучархаҳои хурд ва калон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо иқтидори 50 ҳазор адад дар як сол ташкил медиҳад.
Корхонаи мазкур дар оянда нақша дорад, ки маҳсулоти худро ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Россия ва Қирғизистон содирот намояд.
30 Ноябри соли ҷорӣ ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии муовини директори генералӣ оид ба ҷалби сармоягузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ҷаноби Евгений Тарасевич бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва ҳамкорӣ намудан ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро хуш пазируфта, бо фаъолияти якчанд субъектҳои минтақа, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ КФ “Фортуна Ко” шинос намуданд.
Ҳангоми боздид меҳмонон бо масъулини корхонаҳо ҳамсӯҳбат шуда, хоҳиши дар оянда ҳамкорӣ карданро қайд намуданд.
09 ноябри соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Элза Пинёл ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Зикриёзода Суҳроб меҳмононро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуда, иброз гардид, ки ҳамкориҳоро бо доираҳои тиҷоратии Фаронса вусъат дода мешавад.
Дар навбати худ Сафир, Элза Пинёл иброз намуд, ки барои густаришӣ ҳамкории дуҷониба кӯшиш намуда, дар ин самт бо доираи соҳибкории фаронса корбарӣ менамояд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкатҳо аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” дидан намуданд.