Санаи 18 апрели соли 2025 ба Донишкадаи Саноат ва Хизматрасонӣ, меҳмонон аз Федератсияи Россия, вилояти Тюмен бо сардории муовини губернатори вилояти Тюмен Андрей Пантелеев ташриф оварданд. Кормандони донишкада меҳмононро хуш пазируфта, онҳоро дар маҷлисгоҳ қабул намуданд ва оиди донишкада тариқи муаррифинамоӣ (презентатсия) ба онҳо маълумоти мушаххас дода шуд. Сипас, онҳо аз синфхонаҳои донишкада диданӣ намуданд.


Санаи 17 апрели соли 2025 ташрифи Директори Генералии “НафтаГаз” аз Федератсияи Россия Назаралиев Ислам Замирович ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон хуш пазируфта, дар бораи бартарият ва афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Сипас, меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳо, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷпанел”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” аз наздик дидан намуданд.



Санаи 7-9 апрели соли 2025 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Султон Раҳимзода, дар Конгресси Солонаи Сармоягузорӣ (AIM Congress 2025), ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳ ёфт намояндагӣ карданд. Дар Конгресси мазкур зиёда аз 20 000 иштирокчӣ аз 175 кишварӣ дунё ширкат варзиданд. AIM Congress яке аз платформаҳои пешсафӣ ҷаҳонӣ барои ташаккули ояндаи сармоягузориҳои байналмилалӣ мебошад.
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо якқатор ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорону роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии давлатҳои хориҷӣ оид ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ гуфтушунид гузарониданд.
Иштироки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” дар AIM Congress 2025 нишондиҳандаи муаррифгари иштироки афзояндаи МОИ “Суғд” дар арсаи байналмилалӣ ва кушиши ҷалби сармояи босифат тавассути мутобиқ шудан ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки мулоқот дар руҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, омодагии ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид.

Санаи 4 апрели соли 2025 ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Тотористон, Муовини Сарвазир- Вазири кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ Зяябаров Марат Азатович, Ёвари Раиси Ҷумҳурии Тотористон оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ Бакиров Газинур Тулигатович ва Муовини Сарвазир Лернер Герман Янович ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” пешвоз гирифтанд. Сипас ба меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (презентатсия) дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас дода шуд.

Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар Маркази таълимии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бизнес-форум таҳти унвони “Тоҷикистон-Тотористон” баргузор гардид.
Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Миниханов ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ду тараф ва доираҳои тиҷоратӣ, инчунин Роҳбари МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат қайд намуданд, ки аз ҷониби Асогузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.
Дар идомаи форум ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ барои зиёд намудани содироти маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон ба Тотористон, татбиқи лоиҳаи нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ изҳори омодагӣ намуданд. Инчунин баъд аз анҷоми форум боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тотористон аз Қасри Арбоб ва Қалъаи Хуҷанд баргузор гардид, ки аз ҷониби субъектони МОИ “Суғд” аз ҷумла, ҶДММ “ КФ Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Силкоат бойя”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ “Стар Пласт” маҳсулотҳо ба намоиш гузошта шуда буд.



Санаи 3-юми апрели соли 2025 ташрифи донишҷӯёни курси 2-юми факултаи Иқтосоди ҷаҳонии Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ба МОИ “Суғд” баргузор гардид. Донишҷӯёнро мутахассиси пешбари шӯъбаи Муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова Умеда пешвоз гирифта, дар бораи МОИ “Суғд” маълумот пешниҳод намуд.
Ҳадафи ташрифи донишҷӯён ба МОИ “Суғд” шиносоӣ ва мукаммал гардонидани маълумотҳо дар бораи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз донишҷӯён бо якчанд субъектони МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ “Азияполитекс” ва ҶДММ “Тоҷпанел” аз наздик дидан намуда, доир ба фаъолияти онҳо маълумот гирифтанд. Дар охир донишҷӯён миннатдории хешро ба Роҳбарияти МОИ “Суғд” баён намуданд.

