
ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Санаи 29 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд, роҳбарияти субъекҳо ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, сипоси самимии худро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимзода Ҷаҳонгир бобати ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ба МОИ “Суғд” баён намуданд.
Зимни суханронӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисоди кишварро муайян намуда, барои саноатчиён ва ҷавонони кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон, бахусус, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дар татбиқи ҳадафҳои Паём омили муҳими пешрафти соҳаи саноат ба шумор рафта, робитаи зичи истеҳсолот бо илм ва таҳсилот метавонад ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.
Инчунин, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо изҳори умед ва боварии аниқ бобати таъасуроти олӣ гирифтани намояндагони Маъмурият, соҳаи саноат ва донишҷуён аз ин мулоқоти судманд, ҳамзамон ба ин васила дар оянда зиёд намудани аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ватандӯст” ва дигар ташкилотҳои ибтидоии субъектҳо қайд гардид.
Дар охири ҷаласа ба роҳбарияти субъектҳои фаъоли Маъмурияти МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Реал”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Стар Плат” ва ҶДММ КМТТ “Афранг Пластик” аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо сипосномаҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ гардида, ба 20 нафар кормандони Маъмурият ҳамчун аъзои нав шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.
































































