31 августи соли 2022 дар доираи лоиҳаи “Барномаи Бизнес-шогирдтайёркунӣ дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд” вохўрии муовини якуми Роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти МОИ “Суғд” бо соҳибкорони вилояти Суғд доир гардид.
Зикриёзода Суҳроб соҳибкоронро бо фаъолият ва шароиту имкониятҳои МОИ “Суғд” шинос намуд.
Ҳамзамон соҳибкорон аз фаъолияти ҶДММ “КФ Фартуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” дидан намуданд.
Маълумоти бештар
Имрӯз 05 августи соли 2022 тибқи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар идораҳо, корхонаҳо муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар МД Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” мӯҳтарам Камолиддинзода Илёсиддин ба намояндагони ВАО оид ба натиҷаи фаъолияти МОИ “Суғд” дар нимсолаи якуми соли 2022 иттилло дод.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо назардошти дастрас шудани маълумоти васеъ дар варақаҳои иттилоотӣ баъзе нуқтаҳои асосӣ аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти амиқ дод ва сипас саволу ҷавоб сурат гирифт. Ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Маълумоти бештар
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” муҳтарам Камолиддинзода И. бо мақсади тақвият ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ меҳмононро бо шароиту имконият ва афзалияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуда, сипас аз фаъолияти ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан карданд.
Маълумоти бештар
Санаи 27 апрели соли 2022 Муовини якуми Роҳбари Маъмурият Зикриёзода С., директори Маркази идоракунии лоиҳаҳои байниминтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Россия, инчунин соҳибкорони ин вилоятро, ки ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд бо шароиту имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос намуд.
Ҳамзамон меҳмонон дар доираи ташриф аз фаъолияти ҶСК “Ариана металл пласт”, ҶДММ КФ “Фортуна Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Боля” дидан карданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Россия ва корхонаҳои МОИ “Суғд” оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таъмини ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр аз МОИ “Суғд” ба мувофиқа расиданд.
Маълумоти бештар