Шӯъбаи иттилоот

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МОИ “СУҒД”

 

Санаи 14-уми марти соли 2025 ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон қабул намуда, сипас аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” шинос карда шуд.

 

 

 

 

 

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАНТИ – МАНСИЙСКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ШӮРОИ КОРШИНОСӢ ОИД БА САНОАТИ КУҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ҶАНОБИ КУЛДАШЕВ Т.Б. БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАНТИ – МАНСИЙСКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ШӮРОИ КОРШИНОСӢ ОИД БА САНОАТИ КУҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ҶАНОБИ КУЛДАШЕВ Т.Б. БА МОИ “СУҒД”

​ Санаи 13 марти соли 2026 ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийскии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои коршиносӣ оид ба саноати кӯҳӣ ва металлургияи “Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ” ҷаноби Кулдашев Тахир Бахридинович, бо мақсади боздид аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
​ Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамзамон Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” соҳибкоронро аз рафти фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Стар пласт” шинос намуданд. Баъди боздид аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва гуфтушунид бо роҳбарияти корхона, ҳайати соҳибкорон баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро қайд карданд.

 

 

 

ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ТЕРМОДИНАМИКА СУҒД”

ТАҚДИМИ ТАСДИҚНОМАИ СУБЪЕКТИ НАВИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД БА ҶДММ “ТЕРМОДИНАМИКА СУҒД”

 
Санаи 26 феврали соли 2026 дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Термодинамика Суғд” ба қайд гирифта шуд, ки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар фазои тантанавӣ Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхонаи мазкур Хуҷамқулов Муҳамадӣ Эсанович супориданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби сармоягузоронӣ ватанӣ ба маблағи 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА сармоя таъсис дода мешавад. Самти фаъолияти корхона ба истеҳсоли яхдон ва таҷҳизоти сардкунанда, инчунин дар оянда ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ равона мегардад.
Тадбиқи лоиҳаи мазкур дар оянда ба рушди истеҳсоли МОИ “Суғд”, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат менамояд.
Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба Роҳбари ҶДММ “Термодинамика Суғд” барору комёбӣ таманно намуда, баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.
 
ТАШРИФИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНАЛИЗОДА ФАРҲОДШОҲ РАҲМОНАЛӢ БА МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМОНАЛИЗОДА ФАРҲОДШОҲ РАҲМОНАЛӢ БА МОИ “СУҒД”

 
​​Санаи 23 феврали соли 2026 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо мақсади боздид ва шиносоӣ ба МОИ “Суғд” ташриф оварданданд.
​​ Меҳмони олиқадрро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” истиқбол намуда, ҳамзамон бо бинои нави Маъмурият шинос карданд.
​​ Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” доир гардид.
Дар доираи боздид Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ба сифати маҳсулоти истеҳсолкардаи субъектҳои МОИ “Суғд” баҳои баланд дода, баҳри боз ҳам васеъ намудани фаъолияти онҳо ба роҳбарияти субъекҳо тавсия ва пешниҳодҳо доданд.
 
 
 
 
 
 
 
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”

СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”

Сани 10 феврали соли 2026 зимни баргузории нишасти матбуотӣ, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Райан” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури намояндагони ВАО, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Тоҷибоев Амирҷон супориданд.
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Райан” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исомуддинова Мафтуна Салоҳидиновна таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан, коркард ва консервакунонии меваҷоту сабзавот равона гардидааст.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР СОЛИ 2025

 
Санаи 10 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии МОИ “Суғд” дар соли 2025 баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба намояндагони ВАО оид ба дастовардҳои МОИ “Суғд” иттиллоъ доданд.
Нахуст, Роҳбари Маъмурият намояндагони ВАО-ро ба бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” хуш пазируфта, саҳми аҳли қаламро ба рушди МОИ “Суғд” хуб арзёбӣ намуданд.
Зимни баромад қайд карда шуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” дар соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳо ва фармоишҳои бевоситаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Нақшаи кории минтақа барои соли 2025 тадбирҳои зуруриро роҳандозӣ намуда, фаъолият бурда истодааст.
Зикр карда шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии МОИ “Суғд” дар соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 хело рушд ёфтааст, ба монанди бақайдгирии субъектҳои нав, ҷалби бештари сармоягузориҳо, таъсиси субъекҳои нав, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, беҳтар шудани инфрасохтори МОИ “Суғд” мисоли ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро ва ҳамкории судманд баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои МОИ “Суғд” бо ВАО мусоидат намуд.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С. ба намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдории хешро бобати ҳамкории доимӣ бо МОИ “Суғд” баён дошта, як қатор намояндагони ВАО-ро бо Сипосномаи Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Муколамаи маҷозӣ дар бораи рушд: Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ тиҷоратӣ-иқтисодӣ муошират намуданд

Муколамаи маҷозӣ дар бораи рушд: Маъмурияти МОИ «Суғд» ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ тиҷоратӣ-иқтисодӣ муошират намуданд

5 феврали соли 2026 байни Маъмурияти МОИ «Суғд» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Маъмурияти МОИ «Могилёв» (Ҷумҳурии Белорус) мулоқоти самараноки онлайнӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои муколамаи созанда, ки асоси он Ёддошти тафовуми ҳамкорӣ мебошад.

Аз тарафи МОИ «Суғд» вохӯриро муовини якуми роҳбари Маъмурият Ҳакимов Насим Абдуганиевич сарварӣ кард. Ӯро муовини роҳбари Маъмурияти МОИ «Суғд» Диловаршо Неъматзода ва сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Каюмова Муҳайё ҳамроҳӣ карданд.

Намояндагии МОИ «Могилёв»-ро муовини сардори маъмурият Виталий Владимирович Игнатович, сардори шуъбаи сармоягузорӣ ва робитаҳои хориҷии иқтисодӣ Оксана Александровна Пантус ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Ирина Михайловна Мартинович ташкил медоданд.

Дар гуфтушунид имкониятҳои амалигардонии ҳамкорҳои дурнамо баҳс гардида, тарафҳо оид ба созишҳои ҷорӣ мавқеъҳоро аниқ карда, чораҳои амалӣ гардонидани онҳоро муайян намуданд.

Инчунин дар рафти вохӯрии маҷозӣ нишондодҳои иқтисодии ва имкониятҳои инфрасохтории ҳарду тараф ва пешниҳодҳо тариқи рунамо баррасӣ гардиданд.

Дар рафти вохӯри ҷонибҳо имкониятҳои содиротии маҳсулотҳои ба кишварҳо заруриро муҳокима карда, оид ба харидори намудани молҳои махсус, ки ба талаботи бозори ду кишвар ниёз доранд ва ба манфиати тиҷоратии мутақобила мебошанд, суҳбат карданд.

Барои ҷоннок кардани ҳамкорӣ самтҳои заруриро пешниҳод намуданд, ки ба афзоиши содироти мустақим мусоидат мекунанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ якдилона изҳор намуданд, ки мустаҳкам намудани ҳамкори байни МОИ «Суғд» ва МОИ «Могилёв»  имкониятҳои нав барои субъетҳои ҳарду тараф замина гузошта, барои васеъ намудани бозорҳо ва афзоиши мубодилаи тиҷоратии дуҷониба мусоидат мекунад.

Гуфтушунидҳои баргузоршуда ин як қадами дигари низомӣ дар рушди муносибатҳои дарозмуддати дуҷониба байни минтақаҳои озоди иқтисоди мегардад, ки мақсади ниҳоии онҳо — эҷоди шароити мусоид барои тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад.

ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВОХУРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА ДАР МАҶЛИСГОҲИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 29 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо намояндагони Маъмурияти МОИ “Суғд, роҳбарияти субъекҳо ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, сипоси самимии худро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимзода Ҷаҳонгир бобати ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ба МОИ “Суғд” баён намуданд.

 

Зимни суханронӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисоди кишварро муайян намуда, барои саноатчиён ва ҷавонони кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки иштироки фаъолонаи ҷавонон, бахусус, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дар татбиқи ҳадафҳои Паём омили муҳими пешрафти соҳаи саноат ба шумор рафта, робитаи зичи истеҳсолот бо илм ва таҳсилот метавонад ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат намояд.

Инчунин, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” бо изҳори умед ва боварии аниқ бобати таъасуроти олӣ гирифтани намояндагони Маъмурият, соҳаи саноат ва донишҷуён аз ин мулоқоти судманд, ҳамзамон ба ин васила дар оянда зиёд намудани аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ватандӯст” ва дигар ташкилотҳои ибтидоии субъектҳо қайд гардид.

Дар охири ҷаласа ба роҳбарияти субъектҳои фаъоли Маъмурияти МОИ “Суғд”  аз ҷумла: ҶДММ “Реал”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Стар Плат” ва ҶДММ КМТТ “Афранг Пластик” аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода бо сипосномаҳои Маъмурияти МОИ “Суғд” қадрдонӣ гардида, ба 20 нафар кормандони Маъмурият ҳамчун аъзои нав шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.

МАЪРАКАИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР ДАРОМАДГОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

МАЪРАКАИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР ДАРОМАДГОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

    Ҳамзамон, дар доираи боздид дар саҳни бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода ва роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар оянда барои тоза нигоҳ доштани ҳаво ва баланд бардоштани сатҳи экологии МОИ “Суғд” нақши муҳим дорад. Аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” қайд гардид, ки чорабиниҳои сабзгардонӣ дар минтақа чун анъана ба роҳ монда шудааст ва минбаъд низ идома меёбад.

 

   Инчунин, дар доира сафари корӣ аз ҷониби  муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода аёдати собиқадорони меҳнати субъектҳои минтақа дар даромадгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд баргузор гардид. Зимни аёдати собиқадарони соҳа мулоқоти самимӣ анҷом дода, заҳмати чандинсолаи онҳоро дар рушди соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба махсус таъкид гардид. Собиқадорони соҳаи саноат барои таваҷҷӯҳ ва қадрдонии пайвастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

loading