
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА МОИ “СУҒД”
Санаи 19 марти соли 2026 ҳайати намояндагони вилояти Воронежи Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустов ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Сипас, боздиди меҳмонон аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “ Афранг Пластик” доир гардид.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ баён намуданд.






