
ТАШРИФИ СОҲИБКОРОН АЗ ВИЛОЯТИ ХАНТИ – МАНСИЙСКИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ТАҲТИ РОҲБАРИИ РАИСИ ШӮРОИ КОРШИНОСӢ ОИД БА САНОАТИ КУҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ҶАНОБИ КУЛДАШЕВ Т.Б. БА МОИ “СУҒД”
Санаи 13 марти соли 2026 ба МОИ “Суғд” соҳибкорони вилояти Ханти-Мансийскии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои коршиносӣ оид ба саноати кӯҳӣ ва металлургияи “Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ” ҷаноби Кулдашев Тахир Бахридинович, бо мақсади боздид аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва афзалияту имтиёзҳои минтақа ба меҳмонон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамзамон Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” соҳибкоронро аз рафти фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КФ “Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “Реал” ва ҶДММ “Стар пласт” шинос намуданд. Баъди боздид аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва гуфтушунид бо роҳбарияти корхона, ҳайати соҳибкорон баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро қайд карданд.






