
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА ҶДММ “РАЙАН”
Сани 10 феврали соли 2026 зимни баргузории нишасти матбуотӣ, дар Маъмурияти МОИ “Суғд” субъекти нав бо номи ҶДММ “Райан” ба қайд гирифта шуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар ҳузури намояндагони ВАО, Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбари корхона Тоҷибоев Амирҷон супориданд.
Бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Райан” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исомуддинова Мафтуна Салоҳидиновна таъсис дода шуда, самти фаъолияти корхонаи мазкур дар оянда, ба истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан, коркард ва консервакунонии меваҷоту сабзавот равона гардидааст.
Дар охир Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М. С. ба роҳбари корхонаи мазкур барору комёбиҳо баҳри таъсиси корхонаи нав иброз доштанд.



