
ТАШРИФИ ДОВТАЛАБОН АЗ ШИРКАТИ “ФУЮ”-И ШАҲРИ ЯНГ ЧУАН, ВИЛОЯТИ ШАНСИ-И ҶУМҲУРИИ МАРДУМУИИ ЧИН БА МОИ “СУҒД”
Имруз ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташрифи довталабон аз ширкати “Фую”-и шаҳри Янг Чуан, вилояти Шанси-и Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муассиси ширкат ҷаноби Фу Юаншен, Директори ширкат ҷаноби Гуо Ҷианбин ва муовини ширкат хонум Янг Фуян доир гардид.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон меҳмононро дар маҷлисгоҳи Маъмурият истиқбол намуда, доир ба фаъолият, имконият, имтиёз ва мавқеъи ҷойгиршавии МОИ “Суғд” маълумот доданд. Ҳамчунин аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Ҳалимбойзода Озодҷон ба довталабон тариқи муаррифинамоӣ (презентасия) маълумоти мушаххас пешниҳод гардид, ки меҳмонон бо имтиёзҳои МОИ “Суғд” шинос шуданд.
Инчунин аз ҷониби муассиси ширкат ҷаноби Фу Юаншен доир ба самтҳои фаъолияти ширкат, ҳадафҳои асосӣ ва нақшаҳои минбаъдаи ширкати худ каме маълумот пешниҳод гардид. Ба гуфтаи роҳбарият дар ширкати мазкур корҳои саноати куҳӣ аз ҷумлаи коркарди ангишт яъне аз хокаи ангишт лулаҳои сақомонанд дар халтаҳои муносиб, ки аз ҷиҳати экологи безарар ва дер хомушшаванда мебошад хуб ба роҳ монда шудаст. Намояндагони ширкати мазкур нақша доранд, ки дар оянда вобаста ба зиёд будани конҳои ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон-ро доштан ба МОИ “Суғд” ширкати нави худро таъсис дода бошанд. Ҳамзамон ҷонибҳо дар оянда доир ба таъсиси корхонаи коркарди панелҳои офтобӣ дар ҳудуди МОИ “Суғд” ибрози андеша намуданд.
Сипас роҳбарияти Маъмурият довталабонро аз заминҳои холии МОИ “Суғд”, ки барои таъсиси субектҳо пешниҳод мегардад, нишон дода шуд.




