ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
Санаи 26 декабри соли 2025 ташрифи гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, таҳти роҳбарии хонум Сужи ва хонум Чжун Хебей, инчунин намояндагони корхонаи коркард ба басту банди биринҷ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Фейда Ҷитуан ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Ҳайати меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуда, аз фаъолияти минтақа ва имтиёзҳои мавҷудбударо ба сармоягузорон шинос кард ва қайд намуд, ки Маъмурияти МОИ “Суғд” омода аст баҳри ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Сипас аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи Муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият, Раҳимова Умедахон ба меҳмонон тариқи муаррифинамоӣ (Презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Ҳамзамон соҳибкорон аз заминҳои холии дар ҳудуди МОИ “Суғд” буда дидан намуда, омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ изҳор намуданд.
 
Screenshot 

 

  

loading