
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 18 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” тағйироти кадрии муовини якум, муовин ва Роҳбари дастгоҳи Маъмурият доир гардид.
Сухани ифтитоҳиро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ҳусни оғоз бахшида, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ Хусейнов Ҷовид Маҳмуродовичро ба бинои нави Маъмурият хайра мақдам намуд. Сипас, намояндаи вазорат аҳли кормандони Маъмуриятро бо Фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазифаи муовини якуми Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” таъин намудани Ҳакимов Насимҷон Абдуғаниевич ва ба вазифаи муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” таъин намудани Неъматзода Диловаршо Маҳмадшоро шинос карда , ба кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд. Ҳамзамон бо Фармоши Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, доир ба вазифаи Роҳбари дастгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” таъин намудани Носиров Маъруфҷон Рустамҷонович ба аҳли иштирокдорон баён гардид.
Дар охири баромад, Роҳбари Маъмурият нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо шодбош гуфта, ба онҳо бо масъулияти баланди касбӣ ва фаъолияти минбаъдаашон баҳри рушди минтақа саҳмгузоштанро ҳидоят намуд.






