
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД “
Санаи 6 декабри соли 2025 сармоягузори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Роҳбари Ширкати “Chunhui Education Group”-и вилояти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Чун Ся Хуан ва намояндагии ҶДММ “Чунхуей Интернешнл” дар муносибатҳои ИДМ, ҷаноби Срыбный Дмитрий ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Муовини Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Насимҷон Абдуғаниевич дар даромадгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта оиди фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои минтақа маълумоти мушаххас дода, омадагии хешро баҳри ҳамкорӣ намудан бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти якчанд субъектҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко ” ва ҶДММ “Сайр Суғд” дидан намуда бо роҳбарияти субъектони мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.
Дар охир ҷонибҳо ҳамкорӣ намуданро дар оянда қайд намуданд.





