
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД “
Санаи 8 декабри соли 2025 сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Насир Шоҳкарамӣ мушовири корхонаи коркарди хушкмеваи шаҳри Хуррамобод ва доктор Воҳид Муставӣ намояндаи корхонаи дорусозии шаҳри Теҳрон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурияти МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, сароғоз доир ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари ҳамзабон, ки маҳз бо сарварии сарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ибрози ақида намуда, ҳамзамон оид ба фаъолият, афзалият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд “маълумоти мушаххас доданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” ҶДММ “Донаи Алмос” дидан намуда бо роҳбарияти корхона вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот ҳамсӯҳбат шуданд.
Дар охир соҳибкорони эронӣ вобаста аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” баҳри дар оянда ҳамкорӣ намуданро қайд карданд.







