Ташрифи намояндагони Барномаи мабағгузории иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GEEF-II) ба Маъмурияти МОИ “Суғд”

Ташрифи намояндагони Барномаи мабағгузории иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GEEF-II) ба Маъмурияти МОИ “Суғд”

Ташрифи намояндагони Барномаи мабағгузории иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GEEF-II) ба Маъмурияти МОИ “Суғд”

Санаи 4-уми декабри соли 2025 дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20 августи соли 2025, таҳти № 1890-7/23 бо ташаббуси марҳилаи дуввуми Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GEEF-II), ки аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкорӣ бо Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ICB), дар маҷлисгоҳи бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд”семинар доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии субъектони МОИ “Суғд” оид ба технологияҳои сабз баргузор гардид.
Нахуст дар оғози чорабинӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ташрифи намояндагони Барномаи мазкур ва роҳбарияти субъектони МОИ “Суғд”-ро дар бинои нави Маъмурияти МОИ “Суғд” хайра мақдам намуда, оиди ташкили семинари мазкур, ки иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ мебошад ба роҳбарияти субъектони МОИ “Суғд” баҳри ҳамкорӣ намудан бо Барномаи мазкур дастур дод. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбари МОИ “Суғд” қайд гардид, ки айни ҳол яке аз субъекҳои МОИ “Суғд” ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” панелҳои офтобиро дар коргоҳи худ насб намудаст, ки наздик ба 60%-и масрафи нерӯи барқро ташкил медиҳад.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи коршиноси барномаи GEEF-II Парвин Ҷаббаров ва Садриддин Ҷураев муаррифии барнома ва технологияву маҳсулотҳои “Сабз”, ки сарфа намудани нерӯ, об ва захираҳо мусоидат менамояд, бо нишондоди ҷамъи дастгириҳои грантӣ маълумот дода шуд.
Инчунин доир ба масъалаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи нерӯ, аз ҷумла истифодаи васеъи панелҳои офтобӣ бо мақсади таъмин намудани корхонаҳои дар ҳудуди МОИ”Суғд” фаъолияткунанда маълумоти муфид ва имкониятҳо муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамчунин Роҳбари ҶДММ “Офтоб Энерҷӣ” Ҷовид Хошматов дар маърӯзаи худ доир ба хизматрасониҳои ширкат, шарту шароит ва имкониятҳо барои ворид, насб ва истифодаи минбаъдаи панелҳои офтобӣ, ки манбаи аз ҷиҳати экологи тоза ва сарфакунандаи нерӯ маҳсуб меёбад, маълумот пешниҳод намуд. Намояндагони Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳсулотҳои қарзии бонк ва имкониятҳоро барои соҳиб шудан ба дастгириҳои грантӣ аз барномаи GEEF-II маълумот доданд.
Сипас пас аз саволу ҷавоб ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлилҳои техникӣ барои марҳила ба марҳила гузаштан ба низоми энергияи “Сабз” бо Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ва ширкатҳои хизматрасон корбарӣ хоҳанд намуд.

 

 

 

loading