ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА МУҲАМММАД СУЛТОН ДАР МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН”

Санаи 11 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддин, роҳбарони ширкатҳову корхонаҳои дохиливу хориҷӣ, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорон иштирок намуданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии аҳли кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд” ва субъектони минтақа мебошад, ки дар озмуни мазкур Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ғолиби озмуни “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” дар номинатсияи беҳтарин содироткунандаи минтақаи озоди иқтисодӣ бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардид. Иттилоъ дода мешавад, ки ҷоиза ва дипломро муовини Вазири саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ба Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон тақдим намуд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар озмуни “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” субъектҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” иштирок намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардиданд.

loading