
САФАРИ КОРИИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД ” МУҲАММАДЗОДА МУҲАММАД СУЛТОН БА ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН
Санаҳои 10 то 15 ноябри соли 2025 ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз вазорату идораҳо, ҳамзамон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар доштанд. Мақсад аз сафари мазкур таҷрибаи пешрафтаи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва роҳи ҳалли рақамикунониро омухтан буд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ , дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуда, дар вохуриҳо ва гуфтушунидҳо доир ба афзалият, имтиёзҳо ва фазои хуби сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” – ро қайд намуд.
Ҳамчунин дар идомаи сафар, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Алат”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф намуд. Ҳадаф аз боздид ба минтақаи мазкур ин шиносоӣ аз фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таҷрибаи пешқадами инноватсионӣ мебошад. Зимни боздид ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби бештари сармоя табодули назар намуданд. Дар ҷараёни мулоқот бо мақсади густариши ҳамкориҳои минбаъда ва тавсеаи заминаҳои сармоягузорӣ байни Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Алат”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонида шуд.






