БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ СУҒД

 
18 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бинои нави Маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғд-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мо аҳли кормандони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар шахсияти Роҳбари Маъмурият Муҳаммадзода Муҳаммад Султон, иншооти мазкурро тӯҳфаи арзанда аз ҷониби Сарвари давлат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳисобида, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави Маъмурият изҳори сипос менамоем ва ҷавобан ба ин дастгириҳо Сарвари давлатро бовар мекунонем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро ба ворид кардани таҷҳизоти замони навин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоем. Минбаъд низ баҳри таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ки воридотивазкунандаи маҳсулот мебошанд, кӯшиш менамоем ва баҳри таъсиси шумораи ҷойҳои корӣ саҳми худро мегузорем.
МО БО ШУМО ИФТИХОР ДОРЕМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!
 
 
 
 
loading