
Сафари кории Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. ба Маъмурияти МОИ «Суғд»
Санаи 25-уми октябри соли 2025 ба Маъмурияти МОИ “Суғд” муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ташриф оварданд. Мақсади сафари корӣ шиносоӣ аз рафти фаъолияти Маъмурияти МОИ «Суғд», огоҳӣ аз раванди корҳои сохтмонии субъектҳои МОИ “Суғд” буд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, ба муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. оиди рафти корҳои сохтмонӣ ва вазъи объектҳои ҷашнӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Дар доираи сафари корӣ муовини якуми Вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ба корхонаи ҶДММ «Донаи Алмос» ташриф оварда аз тадбирҳои омодагӣ барои истиқболи меҳмонони олиқадр дидан намуданд. Баъдан, вазъияти сохтмони ҶДММ «Сайр Суғд»-ро аз наздик дидан намуданд, сипас аз раванди корҳои ҷорӣ ва омодагӣ ба ташрифи меҳмонони олиқадр бинои нави Маъмурияти МОИ «Суғд»-ро аз назар гузаронида, аз корҳои ташкилотӣ шинос гардиданд.










