
Ташрифи намояндагони ширкати “Салар санг”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
Санаи 24-уми октябри соли 2025 намояндагони ширкати “Салар санг”-и Эрон бо сарварии оғои Деҳқон Муҳаммад ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А., меҳмононро хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон қайд намуданд, ки ширкати “Салар санг” дар Эрон истеҳсоли сангҳои сунъӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондааст ва нақша дорад, ки ин самти фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бо технологияҳои нави замонавӣ ташкил диҳад.
Пас аз мулоқоти судманд меҳмонон қайд намуданд, ки дар оянда баҳри ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ҳамкориро идома диҳанд.



