
СУПОРИДАНИ ТАСДИҚНОМАИ МАҚОМИ СУБЪЕКТИ МОИ “СУҒД” БА СЕ СУБЪЕКТИ НАВ
Дар ҳафтаи сипаригашта дар Маъмурияти МОИ “Суғд” дар доираи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз се субъекти нав: ҶДММ “Синтай Метал Суғд”,ҶДММ “Фуд Агро Суғд” ва ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” бақайд гирифта шуд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон Тасдиқномаи субъекти МОИ “Суғд”-ро ба роҳбарияти корхонаҳои мазкур супориданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҶДММ “Синтай Метал Суғд”, аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин, муассисони корхона Чжен Сюанлян ва Саймиҷианг Маймаити таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 500000 доллари ИМА буда, фаъолияташро ба коркарди пусти хоми ҳайвонҳои хонагии шохдор ба роҳ мемонад. Баъди оғози фаъолият 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
ҶДММ “Фуд Агро Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бузуруков Баҳодур Ҳусенходжаевич таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсол, коркард ва банду басти меваи хушк равона гардидааст. Ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон субекти навбатии МОИ “Суғд” ҶДММ “Тоҷфилиз Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Турсунбоев М.Н. таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 1200000 сомониро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ равона гардида, ҳангоми пурра ба истифода додани корхона 15-20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар охир Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” ба роҳбари корхонаҳои мазкур барору комёбиҳоро таманно намуда, баҳри таъсиси корхонаи нав сухан намуданд.