
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ВИЛОЯТИ ШАНДУНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 25-уми августи соли 2025 намояндагони ширкати “LTD Shandong jianlong Plastic Co”-и вилояти Шандони Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф намуданд.
Меҳмононро ҳуқуқшиноси Маъмурияти МОИ “Суғд” Носиров М.Р., ва сармутахассиси шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Ҳалимбойзода О., дар маҷлисгоҳи Маъмурият хуш пазируфта, оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд.
Ҳамзамон соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин оиди фаъолияти ширкати худ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғул аст маълумот дода, бобати дар оянда ҳамкорӣ намудан вобаста шароити муносиби сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд”-ро қайд намуданд.
Сипас меҳмонон аз фаъолияти субъекти МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс” ва аз марҳилаи корҳои сохмтмонии ҶДММ “Ривер Суғд Фарм” дидан намуданд.