
Ташрифи намояндагони ҶДММ “Технопарк”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Санаи 22 августи соли 2025 Роҳбари корхонаи “ПИР сэндвич панел”-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ғаниев Бегзод бо намояндагони ҶДММ “Технопарк”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Меҳмононро мудири шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсус Носиров М.Р., дар маҷлисгоҳи Маъмурият қабул намуда, доир ба афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд”, ки бевосита ба субъектон дода мешавад, фаҳмонид.
Сипас Ғаниев Бегзод тариқи видео-ролик дар бораи фаъолияти ҶДММ “Технопарк” маълумоти мушаххас дод. Пас аз он аз ҷониби Файзуллоева Ш, мутахассиси пешбарӣ шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсус тариқи муаррифинамоӣ(презентатсия) дар бораи фаъолияти МОИ “Суғд” маълумотҳои зарурӣ дода шуд.
Дар охир тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки бо саъю кӯшиши муштарак барои пешбурди ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам оваранд.