ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲЗОДА АШУРБОЙ АБДУВОҲИД БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲЗОДА АШУРБОЙ АБДУВОҲИД БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲЗОДА АШУРБОЙ АБДУВОҲИД БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

 
Санаи 15-уми августи соли 2025 ба Маъмурияти МОИ “Суғд” муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Маъмурияти МОИ «Сугд» боздид аз раванди корҳои сохтмонии субъектҳои МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмони олиқадрро хуш пазируфта, ҳайати кормандонро ба муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Сипас аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо якчанд супоришҳо ба ҳайати кормандони Маъмурият дода шуд: Аз ҷумла оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талафоти қувваи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба субъектҳо оиди масъалаҳои болозикр.
Ҳамчунин иҷроиши бандҳои нақшаи кории Маъмурияти МОИ “Суғд” барои соли 2025, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқнамуда корбарӣ намудан, иштироки фаъол дар Форум, намоишгоҳҳо ва ҷалби бештари сармоягузорӣ, бақайдгирии субъектҳои нав дар МОИ “Суғд” қайд карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбарияти Маъмурият оиди мушкилотхои ҷойдошта дар МОИ “Суғд” саволу ҷавоб карда шуд ва баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта корбарӣ намудан, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кайд гардид.
Дар охир муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. аз фаъолияти субъектҳои МОИ “Суғд” ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик” ва корҳои сохтмонии ҶДММ “Донаи Алмос”, инчунин бинои асосии Маъмурияти МОИ “Суғд” дидан намуданд.
  
  
  
 
loading