
ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” ДАР ДОИРАИ ҲАШАРИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ БА ШАНБЕГӢ БАРОМАДАНД
Санаи 16-уми августи соли 2025 аҳли ҷомеаи меҳнатии Маъмурияти МОИ “Суғд” бо ҷамъи коллективи субъектони худ дар доираи ҳашари умумиҷумҳуриявӣ, ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи Маъмурият ва корхонаҳои худро аз алафҳои бегона ва канори роҳраву ҷӯйборҳоро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин иқдом, омодагӣ ва истиқболи шоистаи санаҳои фархундаи милливу давлатӣ мебошад.
Иштирокдорони ҳашар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатпарастӣ дар оянда низ иқдом гирифтанд баҳри тозагиву озадагии муҳити атрофи корхонаҳои худ саҳмгузор бошанд.