
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ҶАЪФАР ШИВАЗӢ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 7-уми августи соли 2025 ташрифи соҳибкори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаъфар Шивазӣ бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои сармоягузорӣ ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмонро хуш пазируфта, доир ба фаъолияти МОИ “Суғд” маълумот доданд. Ҳамчунин аз ҷониби сармутахассиси шӯъбаи Муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Ҳалимбойзода Озодҷон тариқи муарифинамоӣ (презентатсия) оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас пешниҳод гардид.
Сипас соҳибкори эронӣ доир ба фаъолияти корхонаҳои худ, ки ба коркарди орд бо таҷҳизотҳои пешқадами Олмон ба роҳ мондааст, маълумот дод. Ҳамзамон қайд намуд, ки якчанд корхонаҳои коркарди ордро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсис додааст ва ба нақша гирифтааст, ки дар оянда бо давлати ҳамзабону ҳамфарҳанги худ Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба шароити мусоид ба МОИ “Суғд”) корхонаи коркарди ордро таъсис намояд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки боздид ва шиносоии меҳмони олиқадр дар фазои дӯсти ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.