Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа
Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шароити муосир коррупсия ҳамчун «яке аз ҷиддитарин мушкилоти глобалӣ эътироф шудааст, ки ба тамоми давлатҳо таъсир мерасонад. Иқтисодиёти миллиро ноустувор мегардонад, ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, принсипҳои адолатро вайрон мекунад ва дар ҷомеа ташаннуҷи иҷтимоиро ба вуҷуд меорад».
Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд, то ҳол дар бисёр кишварҳо, бахусус кишварҳои рӯ ба рушд паҳн шудааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар шакли гуногун – гирифтани пора, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, додани пора, хешутаборӣ дар ҷойҳои корӣ ва ноадолатиҳо, – ба рушди давлат ва фазои сармоягузорӣ таъсири бениҳоят манфӣ мерасонад.
Коррупсия маънои истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколати расмиро барои манфиати шахсӣ дорад. Он метавонад шаклҳои зеринро дошта бошад:
1.Гирифтани пора- гирифтани маблағ ё нематҳо барои анҷон додани амали расмие, ки вазифаи шахси мансабдор аст;
2.Сӯистифода аз вазифа истифодаи мавқеи мансабӣ бо мақсади расонидани манфиати шахсӣ ба худ ё дигарон;
3.Неопотизм (хешутаборӣ)- ба кор қабул намудани афрод танҳо бо назардошти муносибаҳои шахсӣ ва салоҳият
Ин амалҳо на танҳо қонуншиканӣ мебошанд, балки адолат эътимоди мардумро ва сармоягузоронро коста мегардонад.
Коррупсия ба соҳаҳои гуногун таъсир мерасонад, вале дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ хусусан паёмадҳои зеринро дорад:
1.Коҳиши эътимоди сармоягузорон – ҳар як сармоягузори хориҷӣ ё ватанӣ пеш аз ворид шудан ба бозори муайян, фазои ҳуқуқӣ ва сатҳи шаффофиятро меомӯзад. Агар маълум гардад, ки дар равандҳои иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ ё амалиётҳои гумрукӣ фасод ҷой дорад, сармоягузор аз ин гуна муҳит парҳез мекунад.
2. Натиҷаи манфии буҷавӣ – фасод боиси талафи маблағҳои давлатӣ ва аз худ кардани захираҳое мегардад, ки бояд барои манфиати умум сарф шаванд.
3. Коҳиши сифати инфрасохтор ва хизматрасонӣ – вақте ки қарордодҳо ба афроди наздик ё бо ришва дода мешаванд, сифат қурбонӣ мешавад. Дар натиҷа роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ, биноҳо ва дигар лоиҳаҳо бо камбудиҳо анҷом меёбанд.
Дар ин замина Маъмурияти МОИ “Суғд” пайваста тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:
*Тарғиби маданияти зиддикорупсионӣ дар байни кормандон ва резидентон
*Назорати қатъӣ аз болои равандҳои расонидани хизматрасонии давлатӣ
*Ҳамкорӣ бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
*Омӯзиши мунтазами кормандон оиди қонунгузории зиддикорупсионӣ
*Баррасии шаффоф ва фаврии муроҷиати резидентон ва сармоягузорон
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, мунтаззам аз ҷониби Роҳбарият ва ҳуқуқшинос Носиров М., корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла омӯзиш ва таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Муқовимат ба коррупсия” ва моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавбгарии ҷиноятиро барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта пешбинӣ намудасст гузаронида мешавад (моддаи 314 КҶ ҶТ,сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, моддаи 319 КҶҶТ гирифтани пора, моддаи 320 додани пора, моддаи 321 иғвои порадиҳӣ ва ғайраҳо)
Мубориза бо коррупсия на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахси бедордил мебошад. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд аз додани ришва худдорӣ намоянд ва дар ҳолати дучор шудан ба чунин ҳолат, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.
Коррупсияро танҳо дар сурате метавон аз байн бурд, ки ҳамаи табақаҳои ҷомеа-давлат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма-якҷоя амал намоянд.