ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД” МУҲАММАДЗОДА М.С. ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

22 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин, нахустин Форуми байналмиллалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар қатори ҳайати намояндагони хориҷиву ватанӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуд.
Форуми мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Россия баргузор гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими ҳампайвандии иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ равона гардида буд. Дар ҷараёни он намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар кушодашавии Форум қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон сиёсати минтақавии худро дар заминаи ҳамгироии устувор ва шарикии баробар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пурра ҳалли худро ёфта, таваҷҷуҳ ба рушди сабз, рақамикунонӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ гузаштааст.
Дар идомаи Форум Нуриддинзода А.Н. дар сессия бахшида ба масъалаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ ва рақамӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди кластерҳои саноатӣ, густариши паркҳои технологии рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои платформаҳои рақамӣ барои ҳамгироии истеҳсолиро мавриди муҳокима қарор дод.
Дар сессияи бахшидашуда ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташаккули обзорҳои амалии ҳамгироии минтақавӣ, Нуриддинзода А.Н. мавқеи кишварро оид ба зарурати мутобиқсозии форматҳо ва воситаҳои ҳамкорӣ ба шароити нави иқтисодии байниминтақавӣ ва талаботи рушди устувор баён намуд. Ҳамзамон зимни баргузории Форум дар панели “Паркҳои саноатӣ ва IT, минтақаҳои озоди иқтисодӣ” масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сессияи мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳамчун модератор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи Форум, бо мақсади таҳкими ҳамкории амалӣ байни Роҳбари Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва муовини Шӯрои соҳибкорони Россия ва Тоҷикистон Ирэна Мазай, Ёддошти тафоҳумӣ ба имзо расид. Имзои ин ёддошт ба тадбиқи ташаббусҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат менамояд.

  

  

  

loading