Ташрифи намояндагони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Могилёв Якубенко Анатолий Сергеевич ба МОИ “Суғд”

Санаи 13 июни соли 2025 намояндагони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Могилёв Якубенко Анатолий Сергеевич ва намояндаи МОИ “Могилёв” Хаит Кирил Игорович ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Муовини Роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н. меҳмононро хуш пазируфта, оид ба афзалиятҳои МОИ “Суғд” маълумот доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки МОИ “Суғд” бо МОИ “Могилёв”- и Ҷумҳурии Белорус шуруъ аз соли 2022 ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст ва дар ҳошияи ин санади ҳамкорӣ ҳамасола тибқи нақшаи тартибдодаи худ корбарӣ менамоянд. Ба ин васила дар оянда ҷонибҳо азм гирифтанд то муносибатҳои иқтисодии худро ҷоннок намоянд.
Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Афранг пластик” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ҳамсӯҳбат шуданд.
   
loading