ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ЭКСПЕРТӢ ОИД БА САНОАТИ КӮҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ХУҶАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ЭКСПЕРТӢ ОИД БА САНОАТИ КӮҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ХУҶАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ЭКСПЕРТӢ ОИД БА САНОАТИ КӮҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ХУҶАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

 
13 июни соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шӯрои экспертӣ оид ба саноати кӯҳӣ ва металлургия баргузор гардид. Ин ҳамоиши муҳими соҳавӣ дар доираи Ярмаркаи XI байналмилалии савдо «СУҒД–2025» сурат гирифт.
Ҷаласа бо ташаббуси Маркази рушди иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ва бо дастгирии Кумитаи саноатии СНГ ташкил шуда, дар он намояндагони кишварҳои гуногуни Иттиҳод, роҳбарони ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ, инчунин олимон ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд ” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирок намуд. Зимни суханронии худ Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” доир ба нақши муҳими МОИ “Суғд” дар рушди соҳаи саноат арзёбӣ намуда, роҳбарони ширкатҳои саноативу истеҳсолии ҷаласаро баҳри ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба МОИ “Суғд” даъват намуд.
Мавзӯи асосии ҷаласа ба баррасии масъалаҳои мубрами рушди соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургия, табодули таҷриба миёни ширкатҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ бахшида шуда буд.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба вазъи кунунии бозорҳои саноатӣ, дастовардҳои навтарини технологӣ дар истихроҷу коркард, имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои тавсеаи робитаҳои иқтисодии байни кишварҳои СНГ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба суръат бахшидани рушди иқтисодиёти минтақавӣ мусоидат менамояд.
  
  
loading