САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

САФАРИ РАСМИИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ВИЛОЯТИ ВОРОНЕЖИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

 

    Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф овард.

    Дар доираи сафар, рӯзи 30 май дар толори ҳукумати Воронеж мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Ҳамзамон дар доираи сафар бо иштироки доираи васеи соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ, нишасти муштараки тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд муаррифӣ шуданд. Раиси вилоят аз ташкили корхонаҳои муштарак, бунёди марказҳои логистикӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ёдовар шуд.

  Бояд қайд намуд, ки  дар ҷараёни ин сафар байни Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Ворорнеж” Трофименко Максим Игорович, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои тиҷоративу сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

    Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар аз як қатор корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои “Пятёрочка”, корхонаи истеҳсоли нушокиҳои “Global Drinks”, корхонаи “Кобил-Групп” ва ширкати “Масленица” боздид ба амал оварданд.Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Федератсияи Русия изҳор доштанд

   Дар охири сафар, дар толори маҷмааи таърихиву фарҳангии Столь-Фон Голштейнов вохӯрии ҷамъбастии соҳибкорони муваффақи ҳар ду минтақа баргузор гардид. Зимни он роҳбарони Суғду Варонеж аз таҷрибаҳои муваффақи ҳамкорӣ изҳори назар намуда, доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон табодули афкор карданд.

  

 

loading