БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО)  ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО)  ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

БАРГУЗОРИИ ПРЕСС-ТУР ЯКҶО БО НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА (ВАО)  ВА БЛОГЕРОНИ МАҲАЛЛӢ БАҲРИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МОИ “СУҒД”

 

   Санаи 20 майи соли 2025 тибқи барномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Суғд” баҳри баргузории Пресс-тур бо намояндагони ВАО ва блогерони маҳаллӣ  якҷо бо намояндагони ВРИС бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд. 

   Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи Маъмурият меҳмононро бо руҳияи баланди меҳмондустӣ истиқбол намуда, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” ба ҳозирин маълумот доданд ва намояндагони ВАО ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассиси пешбари шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузории Маъмурият Раҳимова У, ба меҳмонон тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентация) маълумот пешниҳод гардид. Инчунин Роҳбари Маъмурият аҳли меҳмононро баҳри ҳамкорӣ, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

      

                                                                 

   Сипас меҳмонон аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳои МОИ “Суғд” аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Афранг Пластик”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КМ ТТ “Арча-мебел”, ҶДММ “КФ Фортуна-Ко”, ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”  ҶДММ “Сайр Суғд”, МТҒ Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, ҶДММ  “Саманди Суғд” ва “Сайёҳи Суғд” дидан намуда, аз ҷараёти рафти истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос шуда наворбардорӣ намуданд.

   Бояд қайд намуд, ки дар рафти боздид меҳмонон аз роҳбарияти корхонаҳо оиди фаъолият дар МОИ “Суғд” ва бартариву имтиёзҳои андозиву гумрукӣ иттилоъ гирифтанд. Инчунин кормандони корхонаҳо низ аз шароити хуби корӣ изҳори миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таваҷӯҳашон нисбати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар мамлакат ва ба ин васила зиёд намудани шумораи ҷойҳои кори холӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

   

    

loading