
Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд
18 майи соли 2025, дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон иштирок намуданд. Роҳбарият ва кормандони Маъмурияти МОИ “Суғд ” низ дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт. Дар чорабинии варзишӣ беш аз 18 000 нафар иштирок карда, дар охир ба намояндагони фаъоли ташкилоту идораҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.