
Ташрифи Меҳмонон аз Ҷумҳурии халқии Чин ба МОИ “Суғд”
Ҳафтаи ҷорӣ ташрифи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Халқии Чин, Shiqiang Song, Shiyong Song ва Ren Baozhen ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” баргузор гардид. Меҳмононро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи бинои Маъмурият пешвоз гирифта, дар бораи афзалият ва бартариятҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас доданд. Ҳамчунин аз ҷониби Роҳбарият доир ба субъектҳое, ки сармоягузориашон пурра ва ё қисман аз ҳисоби соҳибкорони хитоӣ дар МОИ “Суғд” таъсис дода шудаанд, маълумоти мушаххас дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти корхонаҳои худ гуфтушунид намуданд ва дар оянда иқдоми субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуданд.