Форуми Арбитражии СҲШ ва Чин

Форуми Арбитражии СҲШ ва Чин

Форуми Арбитражии СҲШ ва Чин

Комиссияи арбитражии савдо ва иқтисодии байналмилалии Чин (CIETAC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Синзян оид ба мусоидат ба савдои байналмилалии Чин ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми арбитражии СҲШ ва Чинро таҳти унвони «Ҳамгироии кӯшишҳо барои ҳамкорӣ дар соҳаи арбитраж ва оғози роҳи нав дар шароити волоияти қонун» ташкил намуданд.

Дар ин Форум намояндаи вилояти Суғд — мудири  шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, кадрҳо ва корҳои махсуси Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Носиров М.Р. ширкат варзид.

Дар рафти Форум масъалаҳои тақвияти мубодила ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои ҳаллу фасли баҳсҳо — аъзои СҲШ ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин тартиботи дастгирии судии арбитраж ва мусоидат ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражӣ дар минтақаҳои дахлдор муҳокима шуд.

Маъмурияти  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббус ва мусоидат дар ташкил ва иштирок дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ самимона изҳори сипос менамояд. Мо умедворем, ки ҳамкории зичро идома дода, маълумоти бадастомадаро барои паҳн намудани хизматрасониҳо дар соҳаи ҳалли баҳсҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ истифода мебарем.

     

loading