
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ “ХАН ХАЙ СИ ЧЕ МАОЙ”-И ШАҲРИ ПЕКИНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ҶАНОБИ ДА СЗЯН ВА ЧЕН ХАНГ БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
Санаи 23 апрели соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» намояндагони ширкати “Хан Хай Си Че Маой”-и шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин Ҷаноби Да Сзян ва Чен Ханг бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта, доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурият тариқи муарифинамоии электронӣ (Презентатсия) ба меҳмонон маълумот пешниҳод гардид.
Намояндагони ширкати мазкур оиди фаъолияти ширкати худ қайд намуданд, ки ширкат истеҳсоли автомашинаи сабукрави тамғаи 212-ро, ки барои сайёҳон муносиб ва замонавӣ аст ба роҳ монданианд. Ҳамчунин вобаста ба шароит ва имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” ва аз лиҳози тараққиёти босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон иқдоми дар оянда субъекти МОИ “Суғд” шуданро қайд намуданд.