Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» интизори ҳамкорони рус ҳастанд
Дар доираи барномаи кории форуми «Суғд — чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» Раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ Муҳаммадзода Муҳаммад Султон иштирокчиёнро бо корхонаҳои нав — резидентҳои минтақа шинос намуд. Иштирокчиён иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳоро, ки дар соҳаҳои истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ, профилҳои пластикӣ ва нақлиёти барқӣ фаъолият мекунанд, дидан намуданд.Роҳбарияти МОИ “Суғд” омодагии худро барои қабули сармоягузорони рус, таъсиси корхонаҳои муштарак ва пешниҳоди шароити ҷолиб барои соҳибкорӣ изҳор намуд.