Ҷаласаи 13-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ҷаласаи 13-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ҷаласаи 13-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

 

Санаи 18 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 107 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 41 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 36 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 9 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», 17 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва 4 субъект ба минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» рост меояд. Танҳо дар соли 2024 дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 24 субъект ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 7 субъект дар МОИ «Суғд», 9 субъект дар МОИ «Данғара», 6 субъект дар МОИ «Панҷ» ва 2 субъект дар МОИ «Кӯлоб» мебошад. Ҳамзамон аз шумораи умумии корхонаҳои бақайдгирифташуда 6 корхона ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 157 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар соли 2024 ба МОИ 114 миллион сомониро такшил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11 фоиз зиёд мебошад.

Аз оғози фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 1625 нафар ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо бошад ба 2499 млн. сомонӣ расидааст.

Айни ҳол аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсоли металлоконструксия, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ барои дару тирезаҳо, лӯлаҳо ва зарфҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, рангубори сохтмонӣ, маҳсулоти металлопластикӣ, мотороллерҳои барқӣ, дару тирезаҳои чубин, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, мебел ва маводҳои шустушӯӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 ба 523 млн. сомонӣ (76 млн. сомонӣ зиёд нисбат ба соли 2023) баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 2988 млн. сомонӣ баробар гардидааст.

Аз оғози фаъолият то имрӯз аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба буҷети давлатӣ 386 млн. сомонӣ боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пардохт карда шудаанд, ки ин маблағ нисбат ба маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор ва нигоҳдории минтақаҳои озоди иқтисодӣ қариб 3,5 маротиба зиёд аст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 марти соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаҳои ҶДММ «Тоҷпанел» ва марҳилаи дуюми истеҳсолии ҶДММ КМ ТТ «Афранг Пластик» расман ифтитоҳ гардиданд.

Тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ самти фаъолияти ҶДММ «Тоҷпанел» ба истеҳсоли ҳаргуна масолеҳи бинокорӣ (панелҳо) равона гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ зиёда аз 5,5 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он 30000 м2 панелҳо дар як сол мебошад.

ҶДММ КМ ТТ «Афранг Пластик» тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ бо истеҳсоли профилҳои пластикӣ машғул буда, ҳаҷми умумии сармоягузории он 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 4000 тонна профилҳои пластикӣ дар як сол буда, ҳангоми пурра ба кор оғоз намудани он зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблии Шӯрои нозирон ва ҳисоботи роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти минтақаҳо дар соли 2024 шунида шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини Раиси Шӯро Завқизода Завқӣ Амин дар муҳокимаҳо иштирок намуда, вобаста ба роҳҳои боз ҳам рушд додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклифҳо пешниҳод намуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

loading