
Ташрифи Директор оид ба рушди иқтисодӣ ва инфрасохтори саноати БОР – Юҷвол Сингҳ ва Даря Парфёнова – мутахассиси соҳаи савдо ба Маъмурияти МОИ “Суғд”
14 апрели соли 2025 ташрифи Директор оид ба рушди иқтисодӣ ва инфрасохтори саноати Бонки Осиёи Рушд (БОР) – Юҷвол Сингҳ ва Даря Парфёнова – мутахассиси соҳаи савдо ба Маъмурияти МОИ “Суғд” доир гардид. Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. меҳмононро дар маҷлисгоҳи Маъмурият хайрамақдам намуданд. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Раҳимова Умеда оиди фаъолият, имтиёз ва бартариҳои МОИ “Суғд” маълумоти мушаххас дода шуд.