
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТИ ФАРҒОНАИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”
.Санаи 25 марти соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд» таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Турсунов Алибек Маъмурҷонович ва ҳайати соҳибкорони вилояти мазкур бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ташриф оварданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳо аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ КФ “Фортуна-Ко” ва ҶДММ КМ ТТ “Арча- мебел” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.