
Наврӯз муборак!
Қаблан фарорасии Наврӯзи байналмиллалиро, ки бо пайки хуҷастаи худ ба табиати куҳандиёр таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад, бароятон табрик намуда, олитарин ормонҳои некро таманно дорам.
Наврӯз қадимтарин ҷашн дар давоми солҳо шаҳомати таърихии моро таъмин намуда, барои шинохти миллати мо бисёр пояи бузург гузошт. Мо миллати наврӯзем, ки беш аз шаш ҳазор сол мешавад онро ҷашн мегирем.
Бояд қайд намоем, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осодагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмиллалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.
Ба ин манзур якояки Шуморо ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик гуфта, умедворам, ки соли нави аҷдодиро дар фазои амни сулҳу миллат ва дастоварҳои тозаи корӣ сипарӣ мекунед.
Наврӯзи оламафрӯз муборак!
Бо эҳтиром,
Роҳбари МД Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода М.С.