
Ташрифи донишҷӯён ба МОИ “Суғд”
Санаи 14 марти соли 2025 донишҷӯёни хатмкунандаи факултаи Иқтосоди ҷаҳонии Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ба МОИ “Суғд” ташриф оварданд. Донишҷӯёнро дар маҷлисгоҳи МОИ “Суғд” муовини Роҳбари МОИ “Суғд” Ҳакимов Н.А. пешвоз гирифтанд. Сипас аз ҷониби Сармутахассиси шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ Ҳалимбойзода Озодҷон муаррифинамоӣ (презентатсия) гузаронида шуда, ба донишҷӯён дар бораи фаъолияти МОИ “Суғд” ва субъектон малумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Ҳадафи ташрифи донишҷӯён ба МОИ “Суғд” шиносоӣ ва мукаммал гардонидани маълумотҳо дар бораи корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз донишҷӯён бо якчанд субъектони МОИ “Суғд”, аз ҷумла ҶДММ “КФ Фортуна Ко” ва ҶДММ “Азияпоитекс” аз наздик дидан намуда, доир ба фаъолияти онҳо маълумот гирифтанд.
Ҳамчунин донишҷӯён дар вақти боздид бо маълумотҳои нав дар бораи корхонаҳои саноатӣ ва технологияҳои муосир шинос шунанд, ки ин ба онҳо барои мукаммал намудани дониш ва маҳорати касбиашон кӯмак мерасонад. Дар интиҳо омӯзгорон ва донишҷӯён миннатдории хешро ба Роҳбарияти МОИ “Суғд” баён намуданд.