ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН БА МАЪМУРИЯТИ МОИ “СУҒД”

Нимаи дуюми санаи 12 марти соли 2025 ба Маъмурияти МОИ «Суғд»  таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Чин бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти МОИ “Суғд” ва густариши  робитаҳои сармоягузорӣ ташриф оварданд. 

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар даромадгоҳи МОИ “Суғд” меҳмононро хуш пазируфта аз рафти фаъолияти якчанд субъекҳо аз ҷумла: ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф”, ҶДММ “Сайр Суғд” ва ҶДММ “Азияполитекс” дидан намуда, бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҳамсӯҳбат шуданд.

    Сипас аз тарафи Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Суғд” дар маҷлисгоҳи  ҶДММ КФ “Фортуна Ко” тариқи муаррифинамоии электронӣ (презентатсия) ба меҳмонон доир ба фаъолият ва имтиёзҳои МОИ “Суғд” маълумот пешниҳод гардид, ки бевосита худи муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба фазои хуби сармоягузорӣ дар МОИ “Суғд” суханронӣ намуданд.

    

  

loading