САФАРИ ГУРУХИ СОХИБКОРОН АЗ ҶМЧ

САФАРИ ГУРУХИ СОХИБКОРОН АЗ ҶМЧ

САФАРИ ГУРУХИ СОХИБКОРОН АЗ ҶМЧ

29 августи соли равон як гурӯҳ соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба МОИ «Суғд» ташриф оварда, бо фаъолият ва имтиёзҳои он шинос шуданд.

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти МОИ «Суғд» ба меҳмонон оид ба афзалиятҳо ва имтиёзҳо дар МОИ “Суғд” бо назардошти навовариҳо дар низомнома оид ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд.

   

Роҳбари гурӯҳи соҳибкорон ҷаноби Ма Йен барои маълумоти муфассал изҳори сипос намуда, арз намуд, ки мехоҳад бо шарикон имкониятҳои ташкили комплекси саноатӣ, ки дар он як гурӯҳи ширкатҳои истеҳсолӣ дар доираи маҷмӯи корхонаҳои саноатӣ бунёд мегардад, омӯзад ва муҳокима кунад. Намудҳои маҳсулоти маҷмӯи корхонаҳои саноатии пешниҳодшуда аз истеҳсоли сумкаҳои мактабӣ, дарҳои оҳании даромадгоҳ, нахи шишаю базалт ва маҳсулоти тайёр аз онҳо дар майдони тақрибан 20 гектар ташкил кунад.

    

Дар анҷоми вохӯрӣ Роҳбари Маъмурият ба меҳмонон барои ташриф ва таваҷҷуҳи онҳо изҳори сипос намуда, омода будани МОИ “Суғд” барои ҳамкорӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро изҳор намуд.

 

loading